ҲИТ дар соли аввал: аз таъсис то ташаккули сохторӣ, камбудиҳо ва нақшаҳои оянда

Гузориши солонаи Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон

Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон 6 августи соли 2025 дар шароите таъсис ёфт, ки ҷомеаи Тоҷикистон бо мушкилоти амиқи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ рӯ ба рӯ буд. Маҳдуд шудани озодиҳои шаҳрвандӣ, густариши фасод, муҳоҷирати оммавӣ, заъфи волоияти қонун ва парокандагии неруҳои мухолиф зарурати таъсиси як ҳаракати нави ислоҳотхоҳро ба миён овард.

ҲИТ барои рақобат бо дигар гурӯҳҳои мухолиф таъсис дода нашудааст. Ҳадафи он муттаҳид кардани неруҳои ислоҳотхоҳ, пешниҳоди роҳи осоиштаи тағйироти сиёсӣ ва таҳияи тасаввури равшан аз ояндаи Тоҷикистон мебошад.

Шиори Ҳаракат — «ИСЛОҲОТ — ТАҒЙИРОТ — ПЕШРАФТ» — баёнгари он аст, ки бе ислоҳоти бунёдӣ тағйироти воқеӣ ва пешрафти кишвар имконнопазир мебошад.

Соли аввали фаъолияти ҲИТ соли муаррифӣ, таъсиси сохтор ва муайян кардани самтҳои асосии фаъолият буд. Дар ин давра Ҳаракат аз марҳалаи эълон ба марҳалаи ташаккули созмонӣ расид, ҳарчанд ҳанӯз дар оғози роҳи худ қарор дорад.

Бунёди сохтори Ҳаракат

Дар давоми соли аввал Шӯрои сиёсии ҲИТ таъсис ёфт ва Дастгоҳи иҷроия ба фаъолият оғоз кард. Масъулиятҳои роҳбарӣ муайян гардида, иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Дастгоҳи иҷроия таъйин шуд. Низомномаи Ҳаракат таҳия гардид. Нишастҳои дохилӣ баргузор шуда, масъалаҳои сиёсӣ, созмонӣ ва иттилоотӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар як қатор кишварҳо, аз ҷумла Фаронса, Олмон, Италия, Туркия, Латвия, Бритониё, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Мексика ва Канада, намояндагиҳо ва гурӯҳҳои ҷонибдорони Ҳаракат таъсис дода шуданд.

Аммо фаъолияти ҳамаи намояндагиҳо дар як сатҳ набуд. Бархе аз онҳо фаъолтар кор карданд ва баъзеи дигар ҳанӯз натавонистанд фаъолияти мунтазаму натиҷабахшро ба роҳ монанд, ҳарчанд барои беҳтар намудани кори худ талош доранд.

Аз ин рӯ, дар соли дуюм фаъолияти ҳар намояндагӣ алоҳида арзёбӣ хоҳад шуд. Ҳар сохтор бояд масъули мушаххас, нақшаи семоҳа ва низоми хаттии ҳисоботдиҳӣ дошта бошад.

Дар ин давра аъзоён ва ҷонибдорони нав ба Ҳаракат пайвастанд. Бо вуҷуди ин, рақамҳои ниҳоӣ танҳо баъд аз ҷамъбасти ҳисоботи намояндагиҳо пешниҳод хоҳанд шуд. ҲИТ аз нашри рақамҳои тасдиқнашуда худдорӣ мекунад.

Мавқеи сиёсӣ

ҲИТ дар соли аввал мавқеи худро нисбат ба масъалаҳои муҳими Тоҷикистон ба ҷомеа пешниҳод намуд.

Ҳаракат ҷонибдори гузариши осоишта аз низоми худкома ба низоми мардумсолорӣ мебошад. Тағйироти сиёсӣ набояд тавассути хушунат, интиқом ё ноором кардани ҷомеа сурат гирад. ҲИТ роҳи қонуниятнок, марҳилавӣ ва бо иштироки мардумро ҷонибдорӣ мекунад.

Волоияти қонун ва истиқлолияти додгоҳ аз шартҳои асосии бунёди давлати одил ба шумор мераванд. То замоне ки додгоҳҳо мустақил набошанд ва қонун барои шаҳрвандону мансабдорон баробар амал накунад, мубориза бо фасод ва беадолатӣ натиҷаи воқеӣ нахоҳад дод.

ҲИТ озодии баён, матбуот, дин, эътиқод ва фаъолияти сиёсиро аз ҳуқуқҳои бунёдии шаҳрвандон медонад. Озод кардани маҳбусони сиёсӣ, қатъ намудани таъқиби дигарандешон ва фароҳам кардани шароити фаъолияти озоди расонаҳо аз талабҳои муҳими Ҳаракат мебошанд.

Ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик низ яке аз самтҳои асосии фаъолияти ҲИТ буд. Мушкили муҳоҷират танҳо ба набудани ҷойи кор маҳдуд намешавад. Он натиҷаи бекорӣ, камбизоатӣ, фасод ва набудани имкониятҳои рушди иқтисодӣ дар дохили кишвар мебошад.

Ҳаракат инчунин мубориза бо фасод ва хонаводаигардонии давлат, дастгирии соҳибкории хурду миёна ва ислоҳоти соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва иқтисодро зарур мешуморад.

Фаъолияти иттилоотӣ ва расонаӣ

Фаъолияти расонаӣ яке аз бахшҳои намоёни кори ҲИТ дар соли аввал буд. Дар ин давра матлабҳо, изҳорот, муроҷиатҳо ва барномаҳои мустақими сиёсиву таҳлилӣ нашр гардиданд.

Тавассути барномаи «Минбари муҳоҷир» мушкилот, муроҷиатҳо ва назарҳои шаҳрвандони тоҷик дар хориҷ аз кишвар ба ҷомеа расонда шуданд. Ин барнома ба минбаре барои баррасии масъалаҳои муҳоҷират, ҳуқуқи шаҳрвандон ва вазъи иҷтимоии мардум табдил ёфт.

Барномаи «Номаҳо аз ноҳияҳо» аз мавҷуд будани иртиботи қавии мо бо мардуми дохили Тоҷикистон шаҳодат медиҳад. Ин иртибот бо вуҷуди монеаҳо, фишорҳо ва маҳдудиятҳое, ки низоми ҳоким эҷод кардааст, идома дорад.

ҲИТ инчунин кӯшиш кард ба таблиғот ва маъракаҳои бадномсозии ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон бо таҳлил, далел ва пешниҳоди мавқеи алтернативӣ посух диҳад.

Пас аз баста ё маҳдуд шудани баъзе платформаҳо фаъолияти иттилоотӣ қатъ нагардид. Кор тавассути сомонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар расонаҳои алтернативӣ идома дода шуд.

Бо вуҷуди ин, Ҳаракат дарк мекунад, ки фаъолияти расонаӣ бояд бештар бо фаъолияти воқеии сиёсӣ ва созмонӣ пайваст карда шавад. Танҳо нашри барнома ва изҳорот барои ташаккули як неруи муассири сиёсӣ кофӣ нест. Дар айни замон, аз фаъолияти расонаӣ низ наметавон канор рафт, зеро он яке аз василаҳои асосии иртибот бо ҷомеа мебошад.

Дастовардҳои асосӣ

Дар ҷамъбасти соли аввал панҷ дастоварди асосиро метавон зикр кард:

Якум, ҲИТ ҳамчун як ҳаракати мустақили сиёсӣ ба ҷомеа муаррифӣ гардид.

Дуюм, сохтори ибтидоии роҳбарӣ ва иҷроии Ҳаракат таъсис ёфт.

Сеюм, дар чанд кишвари хориҷӣ намояндагиҳо ва гурӯҳҳои ҷонибдорон ташкил гардиданд.

Чорум, робита бо муҳоҷирон, фаъолон ва ҷонибдорони дохилу хориҷ густариш ёфт.

Панҷум, мавқеи Ҳаракат дар масъалаҳои ҳуқуқи инсон, озодии баён, мубориза бо фасод ва ислоҳоти кишвар ба ҷомеа пешниҳод шуд.

Ин дастовардҳо муҳиманд, вале ҲИТ онҳоро бузургтар аз воқеият нишон намедиҳад. Ҳаракат ҳанӯз ба як созмони пурра ташаккулёфта ва дорои имкониятҳои васеъ табдил наёфтааст.

Камбудиҳо ва дарсҳо

Дар баробари дастовардҳо, соли аввал камбудиҳои ҷиддиро низ ошкор кард.

Фаъолияти ҳамаи намояндагиҳо яксон набуд. Баъзе аъзоён вазифаҳои гирифтаи худро пурра иҷро накарданд. Низоми ҳисоботдиҳӣ ҳанӯз комил нашудааст ва ҳамоҳангӣ байни сохторҳо бояд беҳтар гардад.

Ҷалби ҷавонон ва занон ба сатҳи зарурӣ нарасидааст. Робита бо дохили Тоҷикистон бо сабаби фишорҳои амниятӣ ва зарурати ҳифзи шаҳрвандон маҳдуд боқӣ монд. Ҳаракат инчунин бо камбуди захираҳои инсонӣ, молиявӣ ва созмонӣ рӯ ба рӯ шуд.

Аммо мушкил танҳо набудани маблағ набуд. Тақсими нодурусти баъзе вазифаҳо, назорати нокофии иҷро ва дер амалӣ шудани баъзе тасмимҳо низ ба пешрафти фаъолият таъсир расонданд. Дар баробари ин, бисёре аз камбудиҳо дар ҷараёни фаъолият ислоҳ гардида, барои беҳтар намудани кор тасмимҳои ҷиддӣ қабул шуданд.

Таҷрибаи соли аввал нишон дод, ки Ҳаракат танҳо бо номи роҳбар пеш намеравад. Ҳар узв бояд масъулияти мушаххас дошта бошад. Шумораи зиёди аъзоён бидуни интизом, масъулият ва садоқат ба ҳадаф натиҷа намедиҳад.

Дарси дигари муҳим ин аст, ки фаъолияти расонаӣ бояд ба кори воқеии сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва созмонӣ пайваст шавад. Мухолифат набояд танҳо ба амалҳои ҳукумат вокуниш нишон диҳад. Он бояд барнома, роҳҳал ва тасаввури равшани худро аз Тоҷикистон баъд аз тағйирот пешниҳод намояд.

Афзалиятҳои соли дуюм

Дар соли дуюм ҲИТ такмили фаъолияти Шӯрои сиёсӣ ва Дастгоҳи иҷроияро аз вазифаҳои асосӣ медонад. Масъулияти ҳар сохтор, ваколати роҳбарон ва тартиби қабули қарорҳо бояд дақиқ ва хаттӣ гарданд. Барномаи Ҳаракат бояд такмил ёфта, фаъолияти ҳамаи сохторҳо мутобиқи он ба роҳ монда шавад.

Фаъолияти ҳамаи намояндагиҳо арзёбӣ шуда, низоми моҳона ва семоҳаи ҳисоботдиҳӣ ҷорӣ хоҳад шуд. Ҳар намояндагӣ бояд масъули муайян, нақшаи корӣ ва ҳисоботи хаттӣ дошта бошад.

Таҳияи барномаи муфассали сиёсию иқтисодии ҲИТ низ аз ҳадафҳои асосӣ мебошад. Ин барнома бояд масъалаҳои сохтори давлат, истиқлолияти додгоҳ, иқтисод, андоз, соҳибкорӣ, маориф, тандурустӣ, муҳоҷират ва сиёсати хориҷиро фаро гирад.

Ҳамчунин кор бо ҷавонон, занон ва муҳоҷирон тақвият дода шуда, барои тарбияи кадрҳо ва сухангӯёни нав барномаҳои омӯзишӣ роҳандозӣ хоҳанд шуд.

Густариши робита бо созмонҳои ҳуқуқи инсон, расонаҳои мустақил ва ниҳодҳои байналмилалӣ, таҳияи нақшаи гузариши осоиштаи сиёсӣ, ташкили низоми шаффофи маблағгузорӣ ва тақвияти амнияти рақамӣ аз дигар афзалиятҳои соли дуюм мебошанд.

Соли дуюм — соли масъулият ва натиҷа

ҲИТ дар соли аввал пояи худро гузошт, аммо ҳанӯз дар оғози роҳ қарор дорад. Соли аввал соли муаррифӣ ва ташаккул буд. Соли дуюм бояд соли низом, масъулият, густариш ва натиҷаҳои амалӣ бошад.

Аъзоёни Ҳаракат бояд вазифаҳои худро ҷиддӣ қабул кунанд ва танҳо тамошобини равандҳо набошанд. Интиқод бояд бо пешниҳоди роҳи ҳал ҳамроҳ гардад. Ихтилофоти шахсӣ набояд аз ҳадафҳои миллӣ болотар гузошта шаванд.

Ваҳдати ҲИТ бояд дар атрофи арзишҳо, ҳадафҳо ва барномаи муштарак нигоҳ дошта шавад, на дар атрофи шахсиятҳо.

Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон дар соли аввал аз марҳалаи эълон ба марҳалаи ташаккул расид. Вазифаи асосии соли дуюм гузаштан аз сухан ба низоми касбӣ, аз ҳузури рамзӣ ба масъулияти воқеӣ ва аз фаъолияти пароканда ба натиҷаҳои амалӣ мебошад.

Роҳбари Ҳаракати Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон
Муҳаммадиқболи Садриддин

6 августи соли 2026

Мақолаҳо

Мақолаҳои монанд

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here